РӮЗНОМАНИГОРОН ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- 28 октябр дар Душанбе дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мулоқот бо намояндагони созмони ғайриҳукуматии экологӣ ва рӯзноманигорон бо муҳаррири маҷаллаи байналмилалии «Наука» Ричард Стоун мулоқот баргузор мегардад. Аз намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар мулоқот тарафайн ҳамкории байни созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро баррасӣ мекунанд. Ричард Стоун муҳаррири маҷаллаи «Наука» дар минтақаи Осиё мебошад. Вай солҳои тӯлонӣ дар бораи проблемаҳои экологии Кореяи Шимолӣ ва Эрон навиштааст. Аз соли 2004 то 2005 Ричард Стоун дар Қазоқистон ба ҳайси муҳаққиқи барномаи «Фулбрайт» ва масъалаҳои полигони семипалатинии ядроиро меомӯхт. Р. Стоун барои маҷаллаҳои «Нэшинэл Джеографик» (National Geographic), «Дискавер» (Discover) ва «Смитсониан» (Smitsonian) мақолаҳо менависад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






