Р. РАҲИМОВ: «52 НАФАР КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУДААНД»
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар нишасти мазкур муовини аввали ВКД ҶТ генерал-майор Рамазон Раҳимов оид ба ҷамбасти нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бо маърӯза баромад кард. Ӯ иброз дошт, ки дар нӯҳ моҳи соли 2009 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10 ҳазору 19 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10,8 % ё 975 ҳолат зиёд мебошад. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 2 ҳазору 46 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,0% ё 115 ҳолат зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки шумораи умумии зиёдшавии ҷиноятҳо аслан аз ҳисоби содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздии моликияти шахсӣ, исрофкорӣ ва дар маҷмӯъ ҷиноятҳои зидди моликият мебошад. Сабаби зиёдшавии ҷиноятҳои мазкур пеш аз ҳама ба низоми пурзӯри бақайдгирии онҳо, ки аз ҷониби роҳбарияти ВКД роҳандозӣ шудааст, вобаста мебошад. Содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ашхоси пеш судшуда 60 ҳолат, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 8 ҳолат, таҷовуз ба номус 18 ҳолат, роҳзанӣ 3 ҳолат, ғоратгарӣ 18 ҳолат, гардиши ғайриқонунии яроқ 4 ҳолат, тамаъҷӯӣ 17 ҳолат, кам гардидааст, гуфт Р. Раҳимов. Содиршавии ҷиноятҳо дар ҳолати ноайён содиркардашуда 801 ҳолат, одамкушӣ, тасарруфи яроқи оташфишон, дуздӣ аз хонаҳо, авбошӣ 27 ҳолат, яъне аз 599 то 626 афзудааст. Ҳамчунин дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти ВКД ҶТ пешравии фаъолият дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба назар мерасад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамагӣ 542 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 907 кг моддаҳои нашъаовар, аз ҷумла 401 кг 40 гр героин, 271 кг 246 гр афъюн, 1 тоннаву 235 кг 307 гр гурӯҳи бангдона мусодира карда шудааст. Инчунин роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, гуфт Р. Раҳимов, пайваста ба беҳтар намудани масъалаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва фиристодани онҳо ба хориҷа аз тарафи субъектҳои хоҷагидор корҳои муайянро ташкил намудааст. Мавриди зикр аст, ки дар нӯҳ моҳи соли гузашта 536 ҳазору 794 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки беш аз 40 ҳазор нафар дар Ҷумҳурии Қазоқистон боқимондааш дар Федератсияи Россия дар соҳаҳои гуногун ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Дар ҳамин муддат беш аз 371 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик ба ватан баргаштаанд. Инчунин бояд қайд намуд, ки доир ба панҷ ҳолат ҷалби ғайриқонунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа ошкор ва пешгирӣ карда шуд, ки ташкилкунандагони он шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон буданд. Нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳазору 139 ҷиноят содир карда шудааст. Бештари ин ҷиноятҳо бо истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ вобаста мебошад. Гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор 752, дуздӣ 470, ғоратгарӣ 189 ва дигар намудҳои ҷиноят 1216 содир шудаанд. Р. Раҳимов афзуд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби худи кормандони милитсия 56 ҷиноят содир шуда, 52 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб гардида, 40 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Дар анҷом Рамазон Раҳимов ба саволҳои сершумори хабарнигорон посухҳои мушаххас дод.