СӮҲБАТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО М. ТАНТОВӢ

Октябрь 6, 2009 07:57

                   05 уми октябри соли 2009 нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Имоми Акбари Донишгоҳи ал- Азҳари шарифи Ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантовиро ба ҳузур пазируфт.                    Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории илмию фарҳангӣ ва омӯзишии Тоҷикистону Миср гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Шайх Муҳаммад Тантовӣ салому паём ва таҳниятҳои самимии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборакро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, изҳор дошт, ки аз тадбирҳои бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам роҳандозӣ намудаи Тоҷикистон зери таассуроти фараҳбахш қарор дорад.                   Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ба кишварҳои зиёди ҷаҳон сафар намудааст, вале ҳеҷ гоҳ ягон роҳбари давлатро надидааст, ки бо чунин самимият на бо забон, балки бо қалби худ сухан гӯяд ва аз манфиатҳои мусулмонони ҷаҳон пуштибонӣ намояд.                   Шайх Муҳаммад Тантовӣ ба дархости ҷониби Тоҷикистон баҳри омода кардани мутахассисони варзида барои Донишгоҳи ояндаи исломии кишвар, ки санги асосаш имрӯз бо масҷиди бузурги ҷомеъ гузошта шуд, чунин посух дод: «Донишгоҳи ал- Азҳари шариф омода аст ҳар гуна дархости Тоҷикистони дӯсту ташаббускорро бо камоли масъулият ва аз дилу ҷон иҷро намояд».                   Ӯ ҳамчунин аз андешаҳои пешқадами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ривоҷи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз тундравию низоъхоҳӣ пуштибонӣ намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи ал- Азҳар ҳамеша ҷонибдори дӯстию рафоқат ва ҳамкорию гуфтугӯйи судовари ҳамаи фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳон аст.                   Ӯ ҳамчунин аз оромию суботи имрӯзаи Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, аз худованди таоло дуо намуд, ки кишвари моро ба пешрафту шукуфоӣ ва рифоҳу осудагии боз ҳам бештар муваффақ гардонад.

Октябрь 6, 2009 07:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар