САФАРИ Э. РАҲМОН БА ВОДИИ РАШТ
Имрӯз, 27-уми октябри соли 2009 Субҳи барвақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба истифода додан ва ё оғози сохтмони як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва анҷом додани мулоқотҳо бо мардум ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт сафар кард. Зимни ин сафар дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод се пули азим дар болои дарёи Сурхоб ба истифода дода мешаванд. Дар Нуробод ҳамчунин, маркази ноҳия ба шаҳраки нави ободу замонавии Дарбанд, ки тайи чанд соли охир дар ҷойи холӣ бунёд ёфтааст, кӯчонда мешавад. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт аз мавзеи Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод оғоз ёфт. Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро мардум бо арзи сипосу шукргузорӣ аз сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва ғамхории зиёд ба аҳолии деҳоти кӯҳистон истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва роҳбарияти ширкати чинии «Чайна роуд» лентаи рамзиро бурида, пули азими дарозиаш 210 ва паҳноиаш 10 метраро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иқтидори борбардории ин пули муқтадир, ки бо сарфи 18 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, ба 80 тонна баробар аст. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар сохтмон ва таҷдиди ин қисмати роҳ 200 нафар мутаххасисону коргарони маҳаллӣ бо кор таъмин гаштаанд ва ҳамчунин 25 километр роҳи маҳаллӣ аз Нимич то Сайрон навсозӣ мешавад ва 17 километри он аллакай мавриди истифода қарор гирифтааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо бинокорон ва аҳолии ноҳияи Тоҷикобод ба муҳандисону мутахассисон ва роҳсозони тоҷику чинӣ барои дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони ин пули бузург изҳори сипос намуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






