САРШУМОРИ ГӮСФАНДИ «МАРКО ПОЛО» КАМ ШУДААСТ

Октябрь 16, 2009 15:23

                 Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист баргузор гардид, баробари даҳҳо саволи хабарнигорон раиси кумитаи мазкур Хурсандқул Зикиров ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи гӯсфанди нодири «Марко Поло» иттилоъ дода гуфт, ки солҳои пеш то ташкил шудани кумита ин ҳайвони нодир чӣ аз ҷониби мардуми таҳҷоӣ ва чӣ аз ҷониби меҳмонони хориҷӣ бераҳмона шикор карда мешуд. Дар давоми ду соли охир ҳамагӣ ба 4 нафар иҷозати яктогӣ шикор кардани ин ҳайвон иҷозат дода шудааст.                Тибқи маълумоти охирини ба даст омада, саршумори гӯсфанди «Марко Поло» ба 12 – 13 ҳазор баробар аст ва шояд ин ҳанӯз маълумоти дақиқ набошад. Аз рӯи нақша, соли 2010 саршумори он тавассути чархбол аксбардорӣ мегардад. Аз рӯи маълумоти солҳои 80 –уми асри гузашта шумораи он ба 50 – 55 ҳазор мерасид.                  Ба хотири пешгирӣ аз нобудшавии он Ҳукумати ҷумҳурӣ соли ҷорӣ тариқи барномаи экологӣ 110 ҳазор сомонӣ барои рушди гусфанди «Марко Поло» ҷудо намуд. Бо ин маблағ барои зимистонгузаронии он хӯрока харида, тариқи чархболҳо ба қароргоҳҳои онҳо дар ноҳии Мурғоб партофта мешаванд.                  Кумита дар асоси талаботи фармони Президенти ҷумҳурӣ санҷиши фаъолияти соҳибкории хурду миёнаро қатъ кард. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 – 3334 адад санҷишҳо кам карда шуданд.                  Хабарнигорон аз баргузории ин нишасти матбуотӣ хеле қаноатманд гардиданд. Онҳо ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.                 Навигарӣ дар ин нишасти матбуотӣ он буд, ки бори аввал корманди зертобеи кумита барои иҷро накардани ҳақиқати дар мақолаи танқидӣ чопшуда аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Агар ин таҷриба миёни дигар вазорату идораҳо дастгирӣ ёбад корҳо нуран алонур хоҳанд шуд.

Октябрь 16, 2009 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар