ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН 50 СОЛА ШУД
Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Фирдавс Табаров). — 3 октябр, ба таъсисёбии телевизиони Тоҷикистон 50 сол пур шуд. Дар ин муддат телевизиони умумиҷумҳуриявӣ пайгирона рушду нумӯъ карда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашт. Аммо авҷи баланди камолоти телевизиони Тоҷикистон ба солҳои истиқлолияти давлатӣ рост омад. Айни ҳол, дар ҳудуди ҷумҳурӣ баробари «Шабакаи аввал» муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», шабакаи хабарии шабонарӯзии «Ҷаҳоннамо», телевизиони кӯдаконаи «Баҳористон» фаъолият мекунанд, ки онҳо дар кӯтоҳтарин муддат аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд. Бахшида ба ин санаи ифтихорӣ дар маркази ҷумҳуриявии «Муошират ва иттилоот» семинар таҳти унвони «Саҳми васоити ахбори омма дар ҷараёни демократикунонии ҷомеа» баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов, сардори шӯъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов, директори агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Садриддин Шамсуддинов, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори ватаниву хориҷӣ ва мустақил, радио, телевизион ва меҳмонони хориҷӣ иштирок доштанд. Телевизиони Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 таъсис ёфтааст. Ҳамин рӯз бори аввал дар таърих аввалин барномаи телевизионӣ намоиш дода шуд. Барномаи нахустини телевизионӣ аз хабарҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми 3 дақиқа иборат буд. Аввалин наттоқе, ки барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд Рафоат Абдусаломова мебошад. Агар соли 1959 ҳайати кормандони эҷодии телевизионро ҳамагӣ 54 нафар ташкил медод, имрӯз дар ин даргоҳ зиёда аз 350 нафар фаъолият мекунанд. 26 июни соли 2006 дар таърихи телевизиони Тоҷикистон ҳамчун рӯзи навсозии техникӣ дониста мешавад. Дар ин рӯз, телевизиони Тоҷикистон пурра ба истифодаи таҷҳизоти рақамӣ гузашт. «Шабакаи аввал»-и телевизиони Тоҷикистон 97 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро фаро гирифта сокинони кишварҳои Осиёву Аврупо имконият доранд барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро ба воситаи мавҷгирҳои моҳвораӣ тамошо кунанд. 3 октябр ба муносибати 50 солагии телевизиони Тоҷикистон дар Кохи Ҷомӣ барномаи консертӣ баргузор карда шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






