ДАР КАДОМ МАМЛАКАТ БЕШТАР РИШВА МЕГИРАНД?

Ноябрь 18, 2009 11:24

                Берлин, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар» — Нюсру.ком). – Созмони байналхалқии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии «Транспаренси интернатсионал» дар бораи дараҷаи паҳншавии зуҳуроти номатлуби ришвахӯрӣ ва порагирӣ дар мамлакатҳои ҷаҳон маърӯзаи нав нашр намуд. Дар маърӯза гуфта мешавад, ки ришвахӯрӣ имрӯз ҳам мисли пештара проблемаи асосии мамлакатҳои рӯ ба инкишоф мебошад. Аз рӯи ҳисобҳои коршиносони созмони мазкур, мансабдорони мамлакатҳои ҷаҳон соли гузашта камаш 400 миллиард доллар ришва гирифтаанд.                  Дар маърӯза гуфта мешавад, ки дар мамлакатҳои Бангдаеш ва Гаити аз ҳама бештар ришва гирифта мешавад. Баъзе давлатҳои ИДМ, аз ҷумла, Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Туркманистон низ дар рӯйхати мазкур ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд.                Таъкид карда мешавад, ки мамлакатҳои зерин, аз ҷумла, Зеландияи Нав, Дания, Шветсия, Сингапур, Швейтсария ва Финляндия дар бобати барҳам додани ришвахӯрӣ комёбиҳои калон ба даст оварданд.                 Дар маърӯза қайд карда мешавад, ки соли гузашта дар Русия ба мансабдорони зинаҳои гуногун бештар аз 300 миллиард доллар пора дода шудааст. Маблағи миёнаи гирифтани ришва дар ин мамлакат аз 8 то 27 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Русия дар бобати гирифтани ришва дар байни 180 мамлакати ҷаҳон ҷои 146 – умро ишғол мекунад. Дар ин масъала Зимбабве, Кения, Эквадор ва Украина баъди Русия ҷойҳои минбаъдаро ишғол менамоянд.                  Дар маърӯзаи «Транспаренси интернатсионал» ба ришвахӯрӣ дар соҳаи сохтмон ва сифати сохтмон дар мамлакатҳои гуногун диққати асосӣ дода мешавад. Зикр карда мешавад, ки дар давоми 15 соли охир дар натиҷаи хароб гардидани биноҳо бар асари зилзила ва фалокатҳои дигар зиёда аз 250 ҳазор нафар ҳалок шудааст. Сабаби ин бад будани сифати сохтмон ва забон як кардани фармоишдиҳандагон, сохтмончиён ва қабулкунандагони биноҳо мебошад. 

Ноябрь 18, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад