ДАЪВАТИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов) — Роҳбари Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шайх Амонулло Неъматуллозода ҳангоми хутбаи намози ҷумъа эълон кард, ки мувофиқи қарори Шӯрои уламо иди Қурбон дар саросари кишвар рӯзи 28 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Шайх Амонулло Неъматуллозода ҳамчунин аз ҳамаи намозгузорон ва кулли сокинони ҷумҳурӣ даъват кард, ки дар арафаи ин иди Саид кинаву адоват, кибру ғурурро аз худ дур карда, ба фитнаву дасиса ва дурӯғгӯӣ роҳ надиҳанд. «Шукри истиқлоли Ватан, ки ҳар сол зиёда аз 5 ҳазор сокинони мамлакат дар арафаи иди Қурбон бемамоният ба хориҷи мамлакат сафар карда яке аз рукнҳои фарзии дини мӯьбини ислом — зиёрати Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввараро ба ҷо меоранд», — изҳор кард роҳбари идораи динии мамлакат Шайх Амонулло Неъматуллозода.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






