Э. РАҲМОН АЗ ҶАЯЛАТ ВИРАККОДУ ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД
23-юми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Шри Ланка дар Тоҷикистон Ҷаялат Вираккоду эътимоднома қабул намуд. Зимни сӯҳбати Сарвари давлат бо сафири нав Ҷаялат Вираккоду масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Шри Ланка баррасӣ шуд. «Густариш ва таҳкими равобит бо кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ самти муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва ба кишвари дӯсти Шри-Ланка мо таваҷҷӯҳи хос дорем», — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон . Густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва ғайра дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид. Барпо намудани равобити муназзами сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва вазорату идораҳо ва омода кардани заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои дуҷониба зарур ва саривақтӣ шумурда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






