Э. РАҲМОН АЗ АСАД АБДУЛ МУНИМ АЛӢ АСАД ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД
23-юми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Фаластин дар Тоҷикистон Асад Абдул Муним Алӣ Асад эътимоднома қабул намуд.Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаластин баррасӣ шуд. Асад Абдул Муним Алӣ Асад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пуштибонии доимӣ аз матлаби одилона ва ҳуқуқҳои эътирофшудаи мардуми Фаластин дар сатҳи байналмилалӣ арзи сипос намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки «дар натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи ҷонибҳо ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тариқи музокирот роҳи мақбули ҳалли қазияи Фаластин дарёфт хоҳад шуд». Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






