Э. РАҲМОН МИРОСЛАВ ЕНЧАРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
19-уми ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба мушкилоти сунъӣ, ки дар роҳи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ эҷод мегарданд, баррасӣ шуд.Таваҷҷӯҳи асосӣ ба оқибатҳои аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баромадани Узбекистон ва мушкилиҳои таъминоти барқ дар Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Мушкилоти вобаста ба истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, интиқоли молу маҳсулот, хатари минаҳо ва масъалаҳои дигари ҳалталаб баррасӣ шуданд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ баҳри мусоидат ба барқарорсозии оромию субот дар Афғонистон сурат гирифт








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






