ГАРДИШИ МОЛ ЯКУНИМ БАРОБАР КАМ ГАРДИД
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Тибқи иттилои муовини сардори Раёсати гумруки вилоят Ёрмаҳмад Фақиров соли ҷорӣ дар Бадахшон гардиши берунаи мол 6 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2008 якуним баробар кам аст. Ёрмаҳмад Фақиров сабаби асосии инро дар воқеаҳои тобистони соли ҷорӣ дар ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур рӯи кор омада мебинад. Баъдан соли ҷорӣ маблағи пардохти боҷи давлатии гумрукӣ барои вориди ҷумҳурӣ гардонидани автомобилҳо зиёд шуд. Дар соли 2008 аз Ҷумҳурии Чин 9 ҳазор автомашина марзро убур кард, ки 60 дар сади даромад аз ҳамин ҳисоб ба даст омад. Соли ҷорӣ ҳамагӣ 6 адад автомашина аз Чин оварда шуд, ки яъне баланд бардоштани маблағи боҷи давлатии гумрукӣ беасар намонд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






