ХИЗМАТРАСОНИИ КОМУНАЛӢ ДАР МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- «Корхонаи фаръии манзилию комуналии ноҳияи Мӯъминобод ҳаҷми хизматрасонии комуналиро ба маблағи 220 800 сомонӣ расонидааст»,- гуфт директори корхона Назаралӣ Мирзоев. То ин ҷониб аз тарафи корхонаи мазкур дар масофаи 2,5 км корҳои таъмирӣ ба итмом расидааст, ки нисбат ба нақша зиёд мебошад. Корхона барои зимистонгузаронӣ 3 тонна намак, 20 куб қум, 8 куб ҳезум захира кард ки барои зимистонгузаронӣ басанда мебошад. Мавриди зикр аст, ки корхона ба 38 ташкилоту муассиса ва 17 маҳаллаҳои ноҳия шартнома дошта, дар асоси он хизматрасониро ба роҳ мемонад. Аз тарафи ҳукумати ноҳия ба корхона маблағи 7500 сомонӣ ҷудо гардид, ки ин маблағ барои таъмири 15 биноҳои дуошёнаи ноҳия масраф хоҳад гардид.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






