НАМОИШГОҲИ МИЛЛИИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 19, 2009 11:19

                 Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 23 то 27 ноябр дар Кохи Борбад бо кӯмаки Ҳукумати Эрон, Ҳукумати Тоҷикистон ва вазорати тиҷорати Эрон Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад.                   Ташкилкунандагони намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии «Гроу интернейшнал» — и Эрон мебошанд.                  Ҳадафи намоишгоҳ вусъат бахшидани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷустуҷӯ кардан ва ёфтани шарикони тиҷоратӣ ва бунёди корхонаҳои нави муштарак мебошад.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бахшида ба масъалаи баргузор сохтани Намоишгоҳи миллии Эрон дар Душанбе 17 ноябр дар сафоратхонаи Эрон нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Дар он сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва роҳбари ширкати «Гроу интернейшнал» Муҳҳамади Имронӣ иштирок доштанд.                    Хабар дода мешавад, ки то имрӯз дар Тоҷикистон бештар аз 10 намоишгоҳи молҳои сохти эронӣ баргузор карда шуданд.

Ноябрь 19, 2009 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид