РОҲИ МОШИНГАРДИ ЗУОРАК
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Мавзеи Зуораки ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон дар баландӣ воқеъ аст. 18 га замини корам дорад, ки барои кӯҳистони камзамин он баробари садҳо гектар замин қиммат дорад. Зуорак аз роҳи мошингард беш аз 6 км дуртар воқеъ аст, одамон тирамоҳ вақти ба деҳа кашондани маҳсулот бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегардиданд. Ин мушкилот солҳо такрор ёфта, хушбахтона ҳамин сол ҳалли худро ёфт. Баҳори соли ҷорӣ тариқи барномаи SIDA бунёди роҳи 6 км то тарафи Зуорак оғоз гардид. Барнома дар доираи 4000 доллари амрикоӣ амалӣ гардид. Ин маблағ барои харидани маводи сӯхту тарканда ва ҳаққи тракторчиён масраф гардид. Корҳои дастиро ҷавонони деҳаҳои поёнии ҷамоати Дарморахт ройгон сомон доданд. Ҳоло дар роҳи мошингарди Зуорак нақлиёт дар ҳаракат аст.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






