ТАҶЛИЛИ ИДИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХУҶАНД

Ноябрь 25, 2009 10:48

                  Хуҷанд, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – 24 ноябр дар маҷмааи меъмории Нишони давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Иди парчами давлатӣ ҷамъомади ботантана баргузор гардид Ҷамъомадагонро ба ин муносибат раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода табрик намуд.                   Вай зикр намуд, ки дар китоби таърихи мамлакат боз як санаи муҳими таърихӣ — Рӯзи парчами давлатии ҷумҳурӣ сабт карда шуд. Ҷашнҳои парчами миллӣ дар китоби муқаддаси «Авесто» ва достони безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ва даҳҳо асарҳои дигари адибони классики тоҷик тасвир ёфтаанд. 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами имрӯзаи миллии мамлакат тасдиқ карда шуд. Се ранги он ифодагари дастовардҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик, муборизаи он барои истиқрори сулҳ, боварӣ ба имрӯзу фардо, файзи Наврӯз, ҷавонӣ ва фасоҳат мебошанд. Парчами миллии Тоҷикистон рамзи соҳибихтиёрии мамлакат буда, ҳар фарди Тоҷикистон вазифадор аст, ки онро гиромӣ дорад ва аз он ифтихор намояд, гуфт Қ.Расулзода.                    Дар шафати Маҷмааи меъмории Нишони давлатии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд маросими ботантанаи барафроштани Парчами давлатии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҳамин ҷо аскарони ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат даъватшуда дар вазъияти ботантана савганд ёд карданд.                    Раиси кумити вилоятии ҳизби демократи Тоҷикистон Файзулло Файзиев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки пешниҳодҳо дар бораи муқаррар намудани Рӯзи парчами давлатӣ аз ҷониби Ҳизби демократ ҳанӯз солҳои 90 – уми асри гузашта ба миён гузошта шуда буд. Таҷлили Рӯзи парчами давлатӣ ба тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки аскарону афсарони шӯравӣ дар муҳорибаҳои Ҷанги бузурги ватанӣ барои ҳимоя ва наҷот додани парчамҳои қисмҳои ҳарбӣ фидокорона ҷангида ва ҳатто худро қурбон мекарданд.                   Мудири шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдуҳаким Шарифов изҳор намуд, ки ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва корхонаю муассисаҳои вилоят ҷамъомадҳои ботантана баргузор гардиданд.

Ноябрь 25, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар