ТАЛАФОТИ НЕРӮИ БАРҚРО ПЕШГИРӢ НАМОЕД!

Ноябрь 26, 2009 16:19

                   Мӯъминобод, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Сардори идораи шабакаҳои барқии ноҳияи Мӯъминобод Зариф Табаров аз напардохтани ҳаққи қувваи барқ аз тарафи ташкилоту муассиса ва аҳолии ноҳия изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки қарздорӣ то ин ҷониб дар ноҳия ба 1337400 сомонӣ расидааст, ки нисбати аввали сол 689900 сомонӣ зиёд мебошад. Ба гуфтаи ин манбаъ асосан қарздорӣ аз бемасъулиятии баъзе роҳбарони ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳо буда, онҳо барқро истифода бурда, аммо ҳаққи барқро сари вақт пардохт намекунанд. Мавриди зикр аст, ки то ин ҷониб ташкилотҳои «Тоҷиктелеком» ба маблағи 3033 сомонӣ, идораи обтаъминкунӣ 6717 сомонӣ, фабрикаи паррандапарварӣ 5270 сомонӣ, ҶММ « Хайём» 10598 сомонӣ, бонки амонатгузорӣ 1413 сомонӣ ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ аз пардохти қувваи барқ қарздор мебошанд, кӣ ин боиси қарздории зиёд дар ноҳия мегардад. Аммо дар ин маврид роҳбарияти ҳукумати ноҳия тавонист барои сарфакорона истифода бурдани энергия 100 % ташкилоту муассиса ва 95 % — и аҳолиро аз лампаҳои тафсон ба лампаҳои камасраф гузаронад, ки айни ҳол аз 58080 адад лампаҳои тафсони дар ноҳия буда, 55176 донаи ӯ ба лампаҳои каммасраф иваз гардидааст. Вақти он расидааст, ки ба ҳамаи роҳу усулҳои имконпазир сарфи беҳуда ва талафоти нерӯи барқро пешгирӣ намоем,- афзуд Зариф Табаров.

Ноябрь 26, 2009 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад