ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШӮРОИ ҶАМЪЯТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАШТ

Декабрь 4, 2009 17:30

                 4 декабри соли 2009 дар Бӯстонсарои ҳукумати мамлакат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъятии Тоҷикистон баргузор гашт.                  Дар ҷаласа масоили омодагӣ ба истиқболи ҷашни солгарди 20 – уми истиќлоли давлатии Тоҷикистон, интихоботи навбатии парлумонӣ, сафарбар кардани мардум ба иштироки фаъол дар маблағгузории бунёди нерӯгоҳи Роғун ва дигар масоили муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.                   Ёдовар мешавем, ки ба Шӯрои ҷамъятии Тоҷикистон роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмону муассисаҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои касбию эҷодӣ, ҷамъиятҳои миллӣ ва дигар ташкилоти соҳибнуфузи мамлакат шомил мебошанд.                   Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба аҳамияти тадбирҳои номбурдаи сиёсию иҷтимоӣ ва иќтисодию техникии ҳукумати Тоҷикистон ва вазъияти минтақа ва ҷаҳон аъзои Шӯрои ҷамъятиро ба иштироки фаъол дар равандҳои иҷтимоии ҷомеа, тарғибу ташвиќи мардум ба ваҳдату ягонагӣ дар пешорӯи чунин тадбирҳои тақдирсози давлату миллат даъват намуд.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бояд бо дастовардҳои намоёну арзанда дар рушди иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар истиқбол бигирем.                    Дар мавриди нерӯгоҳи Роғун Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки то кунун дар бунёди он аллакай 1 миллиард доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст, аз ҷумла 800 миллион дар солҳои шӯравӣ ва 200 миллион маблағҳои буҷети давлатӣ тайи ду соли ахир. Сарвари давлат таъкид дошт, ки барои ба кор даровардани навбати аввали ин нерӯгоҳ боз 600 миллион доллари амрикоӣ зарур аст ва изҳори боварӣ намуд, ки бо дастгирии иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин маблағ дар мӯҳлати кӯтоҳ ҷамъ мешавад.                    Дар робита ба омодагӣ ба интихоботи навбатии парлумонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ бояд озоду шаффоф ҷараён бигирад ва ба мақомоти олии қонунбарор ва маҷлисҳои маҳаллӣ бояд мутахассисони баландпоя, шахсони донишманду соҳибмаърифат ва арзанда ба маќоми намояндаи мардумӣ шомил шаванд ва таъкид намуд, ки барои ин бояд тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.                     Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ бояд танҳо ҳамин гуна шахсон ба номзадӣ пешниҳод шаванд.                     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамагон даъват намуд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи шоиста аз арзишҳои волои Тоҷикистон манфиатҳои давлату миллатро ҳамеша аз манофеи шахсию гурӯҳӣ ва ҳизбии худ боло гузоранд.                     Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъятии Тоҷикистон ҳамчунин аъзои сершумори он, аз ҷумла роҳбаряти ҳизбҳои сиёсӣ – Файзулло Фатҳуллоев, Муҳиддин Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов, Абдуҳалим Ғаффоров, Мансур Собиров ва аъзои фаъолион чун Рафиқа Мусоева, Мунира Шаҳидӣ, Муҳиба Ёқубова, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, Матлуба Улҷабоева ва шоира Меҳриниссо суханронӣ карда, сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба бунёди нерӯгоҳи Роғун бо маблағгузории дохилӣ ва озодонаю шаффоф гузарондани интихоботи парлумонӣ мавриди пуштибонӣ қарор доданд.  

Декабрь 4, 2009 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад