А.НУРАЛИЕВ: «АХБОРИ МУ&#1202ИМИ А&#1202АМИЯТИ &#1206АМЪИЯТ&#1250 ДОШТА НА БОЯД ПУЛАК&#1250 БОШАД»

Декабрь 15, 2009 14:08

                    Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғойбназарова). — Дирӯз дар толори бинои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли ҷорӣ «Оид ба тартиби ҷуброн намудани хароҷоте, ки бо пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоту ташкилотҳо алоқаманд аст», баррасӣ гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иштирокчии маҳфил корманди Ассотсиатсияи миллии ВАО мустақили Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Воҳидов иттилоъ дод, аксари журналистон Қарори мазкури Ҳукуматро ба кафолатҳои ҳуқуқии ВАО мухолиф ва барои дастрасӣ ба маълумоти фаврӣ ва саҳеҳ садд меҳисобанд. Хусусан масъалаи пардохти маблағ барои иттилоъ, мавриди муҳокимаи шадид қарор гирифт.                      «Ахбори муҳими аҳамияти ҷамъиятӣ дошта на бояд пулакӣ бошад, — изҳор дошт профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон Абдусаттор Нуралиев. — Тавре ки аз Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун дар бораи матбуот ва воситаҳои дигари ВАО бармеояд, барои ҳар шаҳрванд ҷустани маълумот кафолат дода мешавад. Бо вуҷуди доштани чунин ҳуқуқ журналистон дар гирифтани иттилоот ба мушкилӣ дучор меоянд. Сабаби ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудани журналистон муносибати сарди мансабдорони давлатӣ мебошад. Онҳо додани маълумотро барои журналистон зарур намешуморанд. Дар навбати худ Амри Президенти мамлакат таҳти рақами 622 дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба мақолаҳои таҳлилӣ ва танқидӣ нуфузи васоити ахбори оммаро боло бурд. Муфовиқи фармони мазкур вазорату идораҳо вазифадор шудаанд, ки натиҷаҳои фаъолияти худро дар ҳузури журналистон дар конфронсҳои матбуотӣ ҷамбаст намоянд. Пас аз интишори ин Амри сарвари давлат аксарияти ташкилоту муассисаҳои давлатӣ саҳифаҳои интернетӣ кушода, маълумоти заруриро оид ба фаъолияти кори худ ҷой дар он ҷой дода буданд. Бинобар ҳамин ахбори муҳими аҳамияти ҷамъиятӣ дошта бояд пулакӣ набошад, зеро дастрасӣ ба иттилоот бо Амри Президенти мамлакат кафолат дода шудааст, — мегӯяд профессор А.Нуралиев.

Декабрь 15, 2009 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад