АНҶУМАНИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ЧИН

Декабрь 22, 2009 14:46

                 Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 21 декабр дар шаҳри Пекин анҷумани нахустини донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид, ки дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Дар анҷуман намояндагони вазорати маориф, Кумитаи давлатии стипендияҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳбарону намояндагони ҳамаи мактабҳои олии ин мамлакат ва воситаҳои ахбори оммавӣ ҳузур доштанд.                   Анҷумани донишҷӯёнро сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов кушода, дар бораи таваҷҷӯҳи рӯзафзуни ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар мактабҳои олии ин мамлакат сухан ронд.                    Сафир зикр намуд, ки мардуми Чин тӯли солҳои ислоҳоти доманадори иқтисодӣ муваффақиятҳои калон ба даст овард. Ҳамкорӣ ва муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар давоми солҳои охир муттасил густариш меёбад. Ҷавонони тоҷик дар баробари омӯхтани забонҳои англисию русӣ ба омӯхтани забони чинӣ мароқи калон зоҳир менамоянд, гуфт Р.Олимов.                   Дар анҷуман натиҷаҳои озмуни дуюми «Фозилон — 2009» дар мавзӯъҳои донистани таърихи Чин, вазъи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин ва захираҳои обу энергетикаи ҳар ду мамлакат ҷамъбаст карда шуд. Ғолибони озмун ба тамошои нерӯгоҳи дар ҷаҳон калонтарини барқи обии Чин — «Се дара» роҳхат гирифтанд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар озмуни мазкур донишҷӯёни тоҷик Накҳат Назриева, Шодфар Лиқоев ва Фирӯза Ғаниева ғолиб омаданд.                     Иштирокчиёни анҷуман қарор доданд, ки дар сохтмони НБО «Роғун» саҳми худро гузоранд. Маблағи чамъовардаи онҳо ба воситаи сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» гузаронида шуд.                     Иштирокчиёни анҷуман ба унвони донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, муроҷиатнома қабул намуда, онҳоро даъват карданд, ки то ҳадди имкон дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» саҳми худро гузоранд.

Декабрь 22, 2009 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд