БЕШ АЗ 100 МИЛЛИОН СОМОНӢ БА БУҶА БАРГАРДОНИДА ШУД
Душанбе,18 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Моҳи январи соли 2010 ба таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд 3 сол пур мешавад. Баъди як соли таъсиси он дар ҷумҳурӣ Стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2008 – 2012 қабул гардид. Бино ба гуфти директори Агентӣ Фаттоҳ Саидов, кормандони он аз ибтидои фаъолияти агентии мазкур дар даҳҳо муассиса ва идораҳо, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешаванд тафтишоти молиявӣ гузарониданд. Дар муддати беш аз 2,5 сол зарари молиявии ба муассиса ва идораҳо расонидашуда, ки беш аз 260 млн. сомонӣ мебошад, муайян шудааст. Ба буҷаи ҷумҳурӣ 110 миллион сомонӣ аз ҳисоби хусусигардонии ғайриқонунии беш аз 60 иншоот баргардонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






