ЧАРО ДУХТАРОН АЗ ТАҲСИЛ ДУР МОНДААНД?

Декабрь 1, 2009 11:43

                   Кӯлоб, 1 декабр. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов).-Таи як соли охир дар минтақаи Кӯлоб беш аз ду ҳазор тан духтар аз таҳсил дур мондааст. Эмомалӣ Саидамиров, мудири маорифи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, аслан ин шумори духтарон дар деҳоти дурдаст зиндагӣ мекунанд ва омили аслии дур мондани онҳо аз мактаб дар масофаи дур воқеъ будани мактабҳост. Ба қавли ӯ, аслан дар аксар деҳоти кӯҳистон аз лиҳози кам будани аҳолӣ назди ду ё се деҳа танҳо як мактаб вуҷуд дорад ва ба хотири дур будани масофаи роҳ бештари волидайн садди ба мактаб рафтани духтарон мегарданд, ҳарчанд писарон бемамониат дар ин мактабҳо таҳсил мекунанд.                      Аммо дар ҳамин маврид коршиносон мегӯянд, аксаран масофаи дур барои волидайн баҳонае беш нест. Зарторбӣ Табарова, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, то ба ҳол бархе волидайн чунин фикр мекунанд, ки духтар танҳо барои хидмат ба шавҳар офарида шудааст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи волидайн талош мекунанд, то духтарашонро ба зудӣ ба шавҳар диҳанд.                    Тибқи иттилои ин идора соли гузашта беш аз 4 ҳазор духтар тарки мактаб намуда буд, ки дар соли ҷорӣ наздик ба ду ҳазори онҳо ба мактаб ҷалб шудааст. 

Декабрь 1, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид