«ФАРАЖ» ОЗМУНИ «РОҒУН-МАРЗИ НОМУС»-РО ЭЪЛОН КАРД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Фараж-нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон баҳри саҳм гузоштан дар бунёди НБО-и «Роғун», барои инъикоси ҷараёни корҳои сохтмонӣ миёни аҳли эҷоди кишвар озмуни "Роғун-марзи номус"-ро эълон кард. Дар ин бора раиси маркази тадқиқоти журналистии кишвар Хуршеди Атовулло иттилоъ дод. Дар он аҳли эҷод новобаста аз фаъолият дар ВАО-и давлатӣ ва ғайридавлатӣ, шакли ВАО, яъне радио, телевизион матбуот бо маводи дар дилхоҳ ВАО чопшуда, зери рубрикаи "Фараж: Роғун-марзи номус" ширкат варзида метавонанд. Бояд қайд кард, ки ҷои аввалро барои маводи таҳлилӣ, тадқиқоти журналистӣ-1000 сомонӣ, ҷои дуввум, барои беҳтарин очерк, гузориш 700 сомонӣ ва ҷои сеюм барои беҳтарин достон, шеър суруд 300 сомонӣ дода мешавад, гуфт Х. Атовулло. Гуфта мешавад, довталабон маводи худро бояд то рӯзи 25 апрели соли 2010 ба суроғаи рӯзнома расонанд. Зикр гардид, озмуни мазкур дар рӯзи озодии баён, яъне 3 май ҷамъбаст мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






