ХУНУКНАЗАРИИ НОЗИРИ БДА НИСБАТ БА МАНСАБИ ДАВЛАТӢ

Декабрь 16, 2009 16:05

                    Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нурматов Бахтиёр Деҳқонович аз соли 1993 дар мақомоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар асоси фармони вазири корҳои дохилӣ таҳти № 513 аз 11-апрели соли 2009 то ин ҷониб дар вазифаи бозраси калони давлатии автомобилии шӯъбаи бақайдгирию имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд. Ӯ шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кории худ, бар хилофи талаботҳои банди «б», моддаи-18 фармони ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №686 аз 31.12.1999с. «Оиди дар амал тадбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №441 аз 23.10.1999с. амал намуда, рўзи 25.09.2009с. мавриди муроҷиати шаҳрванди Федератсияи Россия Гриднева Т.Б. оиди аз қайд баровардани автомашинаи тамғаи Тойота-лексус–RX350, рақами ба қайдгирии давлатиаш ЕО 88-77РТ01, ғайриқонунӣ амал намудааст. Автомашинаи мазкурро, ки мебоист мавриди аз назаргузаронӣ қарор дода шавад, хунукназарӣ зоҳир намуда, бидуни аз назаргузаронӣ дар қисмати қайдҳои хизматии БДА дар аризаи мазкур имзо гузошта, ба он маълумоти бардурӯғ ворид намудааст, ки автомашина мавриди аз назаргузаронӣ қарор дода шудааст.                    Дар ҳаракатҳои Нурматов Б.Д. аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 322-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида шуда, тафтишот давом дорад.

Декабрь 16, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад