ОМОДАГИИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТИ ТИРАМОҲӢ
Душанбе,16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ ҳангоми кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ 9 ҳазору 475 трактор мавриди истифода қарор гирифт. Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ шумораи умумии тракторҳо ба 4 ҳазору 466 адад мерасад, ки аз он ҳамагӣ 65 фоизаш коршоям мебошад. Шумораи умумии тракторҳои шудгоркунанда бошад дар ҷумҳурӣ 2972 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 1784 ададаш коршоям ҳисобида мешавад. -Алҳол хоҷагиҳои дехқонӣ ба бештар аз 1000 тракторҳои шудгоркунанда ниёз доранд, -иброз доштанд дар раёсати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар».








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






