ОШХОНАИ ПАРҲЕЗИИ ШАХСӢ
Душанбе,18 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар боғи марказии фарҳангу фароғатии шаҳри Кӯлоб баъд аз таҷдиду навсозӣ собиқ ошхонаи парҳезӣ, ки дорои 100 ҷои нишаст мебошад, аз нав ба кор оғоз кард,- телефонӣ иттилоъ доданд аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба мухбири АМИТ «Ховар». Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, таҷдиду навсозии боғи марказии фарҳангу фароғатии шаҳр дар чанд давр ба нақша гирифта шудааст ва дар давоми 4 – 5 сол пурра сохта ба истифода дода мешавад. Дар боғ айвону утоқҳои барои бозии шоҳмоту шашка, нарду бильярд низ , ки то азнавсозӣ ҷои дӯстдоштаи садҳо нафар бозингарони ин намуди бозиҳо маҳсуб меёфт, васеътар мешаванд. Маблағи сохтмони боғ аз ҳисоби буҷаи шаҳр ва соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ ҷудо карда мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






