РАИСИ ШАҲР КӮДАКОНРО БО СОЛИ НАВ ТАБРИК НАМУД
Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-28 декабр толори Сирки давлатӣ шукӯҳи хоса дошт. Дар ин ҷо ба истиқболи Соли нави 2010-ум бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе чорабинии идонаи солинавӣ барои кӯдакону наврасони пойтахт ташкил карда шуд. Кӯдакону наврасонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев табрик намуда, ба онҳо тандурустию хушбахтӣ ва хониши аълою интизоми намунавӣ орзу карда, тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Раиси шаҳр афзуд, ки кӯдакон ояндаи миллат ва давлатанд, аз ин рӯ баҳри ояндаи дурахшону сарсабзии онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст то кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба ватан ба камол расида, номбардори миллату сарзамин гарданд. Базми солинавиро барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки беҳтарин гурӯҳҳои рақсию ҳунарии муассисаҳои мусиқии бачагонаи пойтахт ва қаҳрамонҳои афсонавӣ, Бобои барфию Барфак хеле рангин намуданд. Бахусус, ҳунарнамоии духтаракони раққос дар рӯи сим, намоишномаи «Фарҳоди кӯҳкан» ва ҳунарнамоии қаҳрамонҳои афсонавӣ, бахусус Аҷуз кампир дар гирди арчаи солинавӣ зери қарсаки пурмавҷи бачаҳо қарор гирифта, мақбули ҳамагон гардиданд. Бояд зикр кард, ки коргардони барномаи идонаи солинавӣ ҳунарманди шинохта Набӣ Ҷалолов буда, он бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе созмон дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






