ШАРАФИ ХИЗМАТИРО ПАСТ ЗАДАНД

Декабрь 22, 2009 09:11

                    Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). – 22 августи соли 2009 корманди ВКД-и мамлакат Назаров Сафаралӣ Малаевич бо ҳамроҳонаш дар истгоҳи роҳи оҳани ш.Душанбе бо гумонбарии анҷом додани амалиёти ғайриқонунӣ вобаста ба 500 грамм маснуоти ранга(тилло) шаҳрвандон «Ю,Х,Ҳ» -ро дастгир намуда, 500 грамм тиллоро дар ҳузури шахсони холис бо тартиб додани протокол гирифтаанд. Сипас аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромада ғайриқонунӣ ин шаҳрвандонро то соати 17.00 ҳамон рӯз дастҳояшонро бо дастбанди оҳанин баста дар даруни автомашина нигоҳ дошта, бо истифодаи таҳдид ва зӯроварӣ аз онҳо 20 000 доллари ИМА тамаъ намуда, баъдан аз шаҳрванд «Х» 6000 доллари ИМА ва аз шаҳрванд «Ҳ» 250 грамм тиллоро ғайриқонунӣ гирифта онҳоро ҷавоб медиҳанд.                       Нисбат ба Назаров С.М. ва дигарон бо моддаҳои 316 қ.3 ва 319 қ.4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Раёсати Агентӣ дар ш.Душанбе оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад. Дар ин бора аз Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар хабар доданд.

Декабрь 22, 2009 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад