ВАРЗИШГАРОНИ БЕҲТАРИНИ СОЛ

Декабрь 25, 2009 16:35

                  Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Анҷумани журналистони соҳаи варзиши ҷумҳурӣ 10 нафар варзишгари беҳтарини соли 2009 – ро муайян намуд.                  Раиси анҷумани мазкур Нарзулло Латифов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба рӯйхати варзишгарони беҳтарини сол аз 9 навъи варзиш – Далер Сайфиддинов, Набимуҳаммад Хоркашев, Эраҷ Раҳимов, Дилшод Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Акмал Қодиров, Сабина Тағойназарова, Парвиз Собиров, Фаррух Амонатов ва Хуршед Маҳмудов шомил гардиданд.                   Н.Латифов зикр намуд, ки варзишгарони беҳтарин дар натиҷаи пурсиши бештар аз 60 нафар шореҳи варзиш муайян карда шуданд. Вай изҳор намуд, ки ба варзишгарони беҳтарини сол ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дипломҳои Анҷумани журналистони соҳаи варзиши мамлакат супорида хоҳанд шуд.

Декабрь 25, 2009 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад