ВАЗЪИ МУСИҚӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ ДАР КАДОМ САТҲ АСТ?
Душанбе, 14 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҳамоиши «Мусиқии миллии тоҷикӣ ва эронӣ: решаҳо ва ҳамсониҳо», ки 14 декабр дар Душанбе баргузор шуд, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Эрон дар бахши мусиқӣ баррасӣ гардид. Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев доир ба сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба эҳё ва рушди мусиқии миллӣ, вазъ ва дурнамои мусиқии тоҷикӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахши мусиқӣ ибрози назар кард. Мавсуф гуфт, ки дар ҷаҳони тамаддун ҳар миллатро бо мусиқӣ, ки як рукни фарҳанги миллист мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз, ин рӯ афзуд, Миралӣ Достиев дар шароити ҷаҳонишавӣ бояд арзишҳои фарҳангиро, бахусус мусиқии суннатиро ҳифз кард. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст зимни суханронии худ роҷеъ ба ҳамсонии мусиқии эронӣ ва тоҷикӣ аз назари решаӣ иброз назар карда гуфт, ки мусиқии тоҷикию эронӣ аз як сарчашма манша мегиранд ва он пайвандгари миллатҳост. Дипломати эронӣ баргузории чунин ҳамоишро қадами устуворе дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар дар бахши мусиқӣ арзёбӣ кард. Муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Фароғат Азизӣ дар мавзӯи «Мусиқии тоҷик ва бозтоби он дар хориҷа» сухан кард. Вай гуфт, ки мусиқии тоҷикию эронӣ решаҳои қавию устувор дошта, тӯли солҳои охир бо таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ густариш меёбад. Ф. Азизӣ пешниҳод кард, ки бояд байни ду кишвар феҳристҳои муштараки мусиқӣ таҳия карда шавад, инчунин баргузории ҳамоишҳо, ки дар он масъалаҳои вобаста ба густариши мусиқӣ баррасӣ мегарданд ҳар сол ташкил карда шавад. Дар ҳамоиш олимони шинохтаи мусиқашинос Аскаралӣ Раҷабов, Аслиддин Низомов, Хуршед Низомов ва дигарон доир ба паҳлӯҳои гуногуни густариши мусиқӣ, вазъ ва дурнамои он, моҳияти иҷтимоии мусиқӣ, тақвияти робитаҳо дар бахши мусиқӣ байни Тоҷикистону Эрон табодули назар карданд. Хусусан, маърӯзаҳои донишмандони тоҷик дар мавзӯҳои «Забони форсӣ ва нақши он дар густариши мусиқӣ», «Шашмақоми тоҷикӣ», «Ҷойгоҳи сози най дар мусиқии тоҷикӣ», «Мавригихонӣ дар Бухоро», «Гурӯғлихонӣ дар Тоҷикистон», «Мусиқии фалак ва мактаби Одина Ҳошим» ва «Дафу доира ва оғози пайдоиш» хеле ҷолиб буданд.








Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд






