ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРКИЯ

Декабрь 19, 2009 12:02

                   Истамбул,19 декабр. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова).-Аз Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ имрӯзҳо дар ҷумҳурии Туркия мусофират дорад.                    М.Асрорӣ зимни сафар дар тадбирҳои бахшида ба 736-солагии вафоти шоир ва муттафакири бузурги тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ширкат меварзад, ки дар шаҳри Куния баргузор мегарданд. Тадбирҳои мазкур дар ин ҷо аз 7 то 17 декабр давом карданд. Вазири фарҳанги Тоҷикистон 20 декабр ба ватан бармегардад.                   Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ шоири машҳури суфимазҳаб буда, соли 1207 дар шаҳри Балх дар оилаи яке аз таблиғгарони равияи суфизм ба дунё омадааст. Фаъолияти адабии Ҷ.Балхӣ асосан дар Туркия гузаштааст. Асарҳои ӯ ба проблемаҳои гуногуни динию мазҳабӣ бахшида шудаанд, достони «Маснавии маънави»-и ӯ масъалаҳои гуногуни мазҳаби суфияро шарҳу тавзеҳ медиҳад.                  Ёдовар мешавем, ки рӯзи таваллуди Ҷалолиддини Балхӣ дар Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар шаҳри Кунияи Туркия 17 декабр дар рӯзи вафоти шоир Рӯзи ёдбуди он баргузор мегардад.

Декабрь 19, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид