ҲОСИЛИ ҒАЛЛА ДАР ХАТЛОН ЗИЁД ШУД
Қӯрғонтеппа, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Мусоид омадани обу ҳавои соли 2009 имконият дод, ки кишти ғалладонагиҳо сари вақт ва бо сифати баланд гузаронида шавад. Тавре муовини сардори идораи кишоварзии вилояти Хатлон Одинақул Душанов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар 7,5 ҳазор гектар замин кишт бо тухмиҳои воридотии краснодарӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои агротехникū ва ҷамъоварии сари вақтū дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 774,005 ҳазор тонна ғалла истеҳсол карда шуд, ки аз нишондиҳандаи соли гузашта 187 ҳазору 626 тонна ва нисбати солҳои пешин як чанд баробар зиёд мебошад. Ба гуфтаи О.Душанов, дар ин муваффақият ғаллакорони ноҳияҳои Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Ёвон, Бохтар, Хуросон ва Восеъ саҳми муносиб гузоштанд. Дар бахшҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ якҷоя бо кишти такрорӣ 454 ҳазору 50 тонна ғалла истеҳсол карда шуд, ки нисбати соли 2008-ум 186 ҳазору 20 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз як гектар ба 27,0 сентнер расонида шуд, ки нисбати дурнамо 6,9 сентнер ва нисбати соли гузашта 7,8 сентнер зиёд мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






