65 ҲАЗОР НАФАР БЕКОРОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар аввалин ҷаласаи шаҳрдорӣ дар соли 2010 аз боби зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ сухан рафт. Ёдовар мешавем, ки дар сеcсияи 20 -уми даъвати сеюми Маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Душанбе моҳи декабри соли 2009 рақамҳое оварда шуданд, ки аз нарасидани ҷойҳои нави корӣ дар соли гузашта дарак доданд. Дар давоми соли 2009 ба Маркази шуғли аҳолии шаҳри Душанбе 7541 нафар сокинони шаҳр барои дарёфти кор муроҷиат карданд, ки аз ин 6237 нафарашон ба қайди бекорон гирифта шуданд. Аз шумораи дар боло овардашуда 3280 нафари онҳоро занҳо ташкил доданд. Дар давоми соли 2009 дар шаҳри Душанбе 35 ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо беш аз 65 ҳазор нафар сокинони шаҳр барои дарёфти кор муроҷиат намуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






