А. ҚАҲҲОРОВ: «55 НАФАР КОРМАНДОНИ МИЛИСА БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУДАНД»
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Имрӯз вобаста ба фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо иштироки хабарнигорони ватаниву хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гашт. Дар нишаст вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-лейтенант Абдураҳим Қаҳҳоров, роҳбарони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва хадамоти гуногуни вазорат иштирок намуданд. А. Қаҳҳоров аз фаъолияти солонаи вазорат ҳисобот дода, изҳор намуд, ки дар соли 2009 дар миқёси ҷумхурӣ ҳамагӣ 12 ҳазору 408 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008 — 750 ҳолат зиёд мебошад. 2 ҳазору 676 ҷинояти вазнин содир шудааст, ки назар ба соли 2008 — 198 ҳолат зиёд мебошад. Ҳамчунин, ӯ қайд намуд, ки зиёдшавии ҷиноятҳо аслан аз ҳисоби ҳодисаҳои қаллобӣ, дуздии моликияти шахсӣ, исрофкорӣ ва ҷиноятҳои зидди моликият мебошанд. Дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар давраи ҳисоботӣ, 10 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо аъзогии 62 нафар безарар гардонида шуд. Аъзои ин 10 гурӯҳи муташаккил дар содир намудани 249 ҷиноятҳои вазнин, аз қабили бандитизм, одамкушӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, 194 ҳодисаи қаллобӣ, 7 ҳолати ғоратгарӣ, 3 факти одамрабоӣ ва дигар намуди ҷиноят даст доштанд. Инчунин, ҳодисаҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар соли 2009 назар ба соли 2008 — 90 ҳолат зиёд ба қайд гирифта шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2009 аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 198 кг моддаи нашъаовар, аз ҷумла зиёда аз 448 кг героин, 415 кг афъюн, 1 тонна ҳашиш — гурӯҳи бангдона мусодира карда шуд. Дар баробари ин кушодашавии умумии ҷиноятҳо аз 86,4 ба 87,6 фоиз зиёд шудааст, — қайд кард А. Қаҳҳоров. Дар натиҷаи ташкил кардани корҳои профилактикӣ ҷиноятҳои вазнин аз қабили таҷовуз ба номус 22 ҳолат, ғоратгарӣ 14 ҳолат, тамаъҷӯӣ 16 ҳолат, авбошӣ 38 ҳолат кам гардид. Дар давоми соли 2009 1 ҳазору 128 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 213 адад автомат, 139 адад тапонча, 156 адад камон ва карабинҳо, 134 адад яроқи рахдор, 448 адад яроқҳои суфтамил ва миқдори зиёди дигар лавозимоти ҷангӣ аз ҷониби кормандони вазорат мусодира карда шудааст. Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин қайд карда шуд, ки аз тарафи кормандони милитсия 61 ҷиноят содир шуда, 55 нафар кормандони милиса ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Дар охир роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






