А.ЁРОВ: НОҲИЯҲО 10 СОАТ БО БАРҚ ТАЪМИН МЕШАВАНД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дирӯз 28 январ дар ШСХК «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотӣ баргузор гашт. Дар нишаст раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров иштирок намуд. А. Ёров аз фаъолияти солонаи ширкат ҳисобот дода, изҳор намуд, ки дар соли 2009 – 14 млрд. 197 млн. кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2008 — 5 % кам аст. Инчунин, бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо қувваи барқ мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2009 Ширкати «Барқи Тоҷик» аз хориҷи ҷумҳурӣ ва ҶСК «Сангтуда-1» дар ҳаҷми 2965,0 млн. кВт.соат қувваи барқро харидорӣ намуд. Барои гузарондани корҳои таъмир, таҷдид ва азнавбарқароркунии таҷҳизоти НБО – и Норак 49,9 млн. сомонӣ хароҷот карда шудааст. Ба ғайр аз ин барои иҷрои корҳои таъмири таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳ дар давоми соли 2009 – 5,4 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст. Реҷаи додани барқ ба минтақаҳо чунин муайян карда шудааст: дар як шабонарӯз ба маркази вилоятҳо 24 соат ва ба ноҳияҳо 10 соат барқ дода мешавад. Дар нишасти матбуотӣ изҳор карда шуд, ки оид ба ҳолатҳои баҳснок, вобаста ба пардохти нерӯи барқ шаҳрвандон метавонанд ба телефони боварии ширкат (29 54 80) муроҷиат кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






