АМРИ РАИСИ ШАҲР
Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи Амри Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт ба маблағи 306746,9 миллион сомонӣ иншооти гуногуни манзилию сохтмонӣ, коммуналӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ сохта мешаванд. Амри мазкур бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 декабри соли 2009 «Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев «Оиди иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2009, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2010 содир шудааст. Тибқи ин Амр нишондодҳои маблағгузории сохтмони асосӣ ва номгӯи иншоотҳое, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010 ба воситаи фармоишгарон — Раёсати сохтмони асосӣ ва Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе бунёд мегарданд, тасдиқ мешаванд.Дар асоси ин Амр Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки тибқи тартиби муқарраргардида, маблағгузории иншоотҳоро дар асоси ҳуҷҷатҳои тендерӣ бо назардошти пешпардохт дар ҳаҷми то 40 фоиз, барои харидории маводи сохтмон ва воситаҳои техникӣ, таъмин намояд. Ин Амр барои маълумот ба шӯъбаҳои молия, ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсия, сохтмон ва меъмории дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад. Назорати иҷрои Амр ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Маъруф Сайфиев ва Ҷамшед Саидов вогузор шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






