ДАСТАИ «ВАХШ» МАҒЛУБ ШУД
Маскав, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 16 январ дар шаҳри Маскав мусобиқаи дастаҳои футболи мамлакатҳои ИДМ ва Балтика барои ба даст овардани Ҷоми Иттиҳод оғоз ёфт. Дастаи футболбозони «Вахш» — и Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар гурӯҳи «В» иштирок дорад. Футболбозони тоҷик дар қувваозмоии аввалин бо дастаи «Боку» — и Озарбойҷон бо ҳисоби 0:2 мағлуб гардиданд. Дастаи «Вахш» дар қувваозмоии дуюм низ бо дастаи «Оқтеппа» — и Қазоқистон бо ҳамин ҳисоб мағлуб гардид. Акнун футболбозони тоҷик дар гурӯҳи худ ҷои охиринро ишғол менамояд. Қувваозмоии охирини онҳо бо дастаи «ХИК» — и Финляндия баргузор мегардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






