ДАСТОВАРДҲОИ «АГРОИНВЕСТБОНК» ДАР СОЛИ ГУЗАШТА
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз рӯи маълумоти Ҷамъияти саҳҳомии «Агронивестбонк» то 1 январи соли 2010 ба воситаи бонки мазкур 2 миллиону 479 ҳазору 699 евро, 473 миллиону 46 ҳазору 398 доллари ИМА ва 7 миллиарду 683 миллиону 201 ҳазору 112 рубли Русия аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон фиристода ва ба мизоҷон дода шудааст. Бонк то 31 декабри соли 2009 ба мизоҷонаш қариб 937 миллион сомонӣ қарз додааст. Маблағи пасандози дар бонк буда 189 миллион сомониро ташкил дод. Соли гузашта маблағи дар муомилот будаи бонк бештар аз 1 миллиард сомонӣ буд, ки нисбат ба соли 2008 – ум 164,5 фоиз зиёд мебошад. Маблағи дороии умумии бонк соли гузашта ба 254 миллион сомонӣ расид.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






