ФАЪОЛИЯТИ БАЪЗЕ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИИСЛОМӢ БОЗДОШТА ШУД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз Раёсати масъалаҳои дини Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки фаъолияти 9 ташкилоти динии ғайриисломӣ бо сабаби сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳояшон боздошта шуд. Қайд карда шуд, ки ҳамаи ин созмонҳо қаблан дар бораи зарурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо огоҳ карда шуда буданд. То имрӯз аз 81 ташкилоти динӣ 72 ташкилот дар Раёсати масъалаҳои дини вазорат ба қайд гирифта шуданд. Ташкилотҳои дигари динӣ ҳуҷҷатҳои заруриро ба раёсат пешниҳод менамоянд. Фаъолияти онҳо вобаста ба оинномаҳояшон манъ карда нашудааст. Масъалаи давом додани фаъолияти созмонҳои динӣ баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳаллу фасл карда мешавад. Бояд гуфт, ки ҳамаи ташкилотҳои динӣ бояд ҳар сол дар раёсати мазкур ба қайд гирифта шаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






