ФУТБОЛБОЗОНИ БЕҲТАРИНИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ДАСТАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ГУЗАШТАНД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Футболбози 23 — сола аз Гана Даниел Таго, ки дар дастаи футболи «Дурдой – Динамо» — и Қирғизистон бозӣ мекард, аввали соли 2010 ба ҳайати дастаи футболи «Вахш» — и Қӯрғонтеппа гузашт. Инчунин футболбози дигар аз ин мамлакат Давид Тете ба дастаи футболи «Вахш» гузашт. Айни ҳол ҳар ду футболбози ганагӣ дар ҳайати дастаи «Вахш» ба мавсим тайёрӣ мебинанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки дастаи футболи «Вахш» аз 16 то 24 январ дар мусобиқаи 18 – уми байналхалқӣ барои ба даст овардани «Ҷоми қаҳрамонони ИДМ ва Балтика» ширкат меварзад. Ин мусобиқа дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






