ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК БА ТУРКМАНИСТОН МЕРАВАНД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дастаи футболи «Истиқлол» дар мусобиқаи байналхалқии 16 – ум барои ба даст овардани Ҷоми Президенти Туркманистон иштирок хоҳад кард, ки аз 20 феврал то 1 март дар шаҳри Ашқобод баргузор мегарданд. Мусобиқаи мазкур 7 сол боз гузаронида мешавад ва маблағи мукофоти он 35 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ барои ҷои якум 20 ҳазор доллар, барои ҷои дуюм 10 ҳазор доллар ва барои ҷои сеюм 5 ҳазор доллар ҷудо карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мусобиқаи мазкур дастаҳои футболи 19 мамлакати ҷаҳон ширкат варзидаанд. Соли гузашта мукофоти асосии мусобиқаи мазкурро дастаи футболи Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия ба даст оварда буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд






