ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ ХАРИДОРИ КАМ ДОРАНД

Январь 21, 2010 13:42

                    Кӯлоб, 21 январ. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов). — Масъулини хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг аз харидор пайдо накардани рустаниҳои шифобахши ин ноҳия шикоят мекунанд. Азизулло Каримов, раиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг мегӯяд, тобистони соли гузашта як гурӯҳи вижае барои ҷамъоварии рустаниҳои шифобахш созмон дода буданд. Ин гуруӯҳ гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ намуда ба умеди фурӯш хушк карданд, вале то ҳанӯз роҳҳои ба савдо баровардани рустаниҳоро пайдо накардаанд. Вай мегӯяд, ҷамъоварӣ ва коркрди гиёҳҳои шифобахш ба манфиати кор аст, вале мутаасифона дар кишвар касе ба ин соҳа диқат намедиҳад.                       Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли ӯ гиёҳҳои шифобахш ба дардҳои гуногун даво аст ва имкони омода кардани садҳо номгӯи доруворӣ аз ин гиёҳҳо вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол РаҳимШарипов, мутахассиси соҳа мегӯяд, бо чунин навъи гиёҳҳо табобати бемориҳои гуногун имконпазир аст. Вай мегӯяд, бартарии табобат бо рустаниҳои шифобахш дар он аст, ки таркибашон бо моддҳои мухталифи кимиёвӣ, ки ба як узви инсон фоида ва ба узви дигараш зарар бирасонад, омехта нест.                      Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи пизишкон дар навоҳии кӯҳистони минтақаи Кӯлоб беш аз сесад номгӯи гиёҳҳои шифобахш мерӯяд.

Январь 21, 2010 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд