ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ ХАРИДОРИ КАМ ДОРАНД
Кӯлоб, 21 январ. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов). — Масъулини хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг аз харидор пайдо накардани рустаниҳои шифобахши ин ноҳия шикоят мекунанд. Азизулло Каримов, раиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг мегӯяд, тобистони соли гузашта як гурӯҳи вижае барои ҷамъоварии рустаниҳои шифобахш созмон дода буданд. Ин гуруӯҳ гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ намуда ба умеди фурӯш хушк карданд, вале то ҳанӯз роҳҳои ба савдо баровардани рустаниҳоро пайдо накардаанд. Вай мегӯяд, ҷамъоварӣ ва коркрди гиёҳҳои шифобахш ба манфиати кор аст, вале мутаасифона дар кишвар касе ба ин соҳа диқат намедиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли ӯ гиёҳҳои шифобахш ба дардҳои гуногун даво аст ва имкони омода кардани садҳо номгӯи доруворӣ аз ин гиёҳҳо вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол РаҳимШарипов, мутахассиси соҳа мегӯяд, бо чунин навъи гиёҳҳо табобати бемориҳои гуногун имконпазир аст. Вай мегӯяд, бартарии табобат бо рустаниҳои шифобахш дар он аст, ки таркибашон бо моддҳои мухталифи кимиёвӣ, ки ба як узви инсон фоида ва ба узви дигараш зарар бирасонад, омехта нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи пизишкон дар навоҳии кӯҳистони минтақаи Кӯлоб беш аз сесад номгӯи гиёҳҳои шифобахш мерӯяд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






