ГУРҶИСТОН АЗ УЗВИЯТИ ИДМ КОМИЛАН ХОРИҶ ГАРДИД
Тифлис, 23 январ. (АМИТ «Ховар» — правда.ком). – Гурҷистон 22 январ аз узвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пурра хориҷ гардид. Минбаъд намояндагони он дар маҷлисҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намекунанд. Ҷараёни хориҷ гардидани Гурҷистон аз ИДМ моҳи августи соли 2009 оғоз ёфта буд. Ёдовар мешавем, ки Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили ҳанӯз 12 августи соли 2008 баъди амалиёти ҳарбӣ дар Қафқоз дар бораи хориҷ гардидани мамлакаташ аз ИДМ қарор қабул карда буд. Парлумони Гурҷистон 14 августи ҳамон сол қарори Президентро маъқул дониста, созишномаро дар бораи ташкили ИДМ, қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар бораи қабули Оинномаи ИДМ ва Созишномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодиро ба таври якҷониба бекор кард. Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон 18 август ба кумитаи иҷроияи ИДМ дар бораи хориҷ гардидани мамлакат аз ҳайати Иттиҳод ҳуҷҷати махсус фиристод. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил ёфта буд. Ба он айни ҳол 12 давлат шомиланд. Эъломияи таъсиси ИДМ моҳи декабри соли 1991 дар Алмаато аз ҷониби роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина имзо шуда буд. Гурҷистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ аз ҳама охир узви ИДМ гардид. Аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ Эстония, Латвия ва Литва ба ИДМ дохил нашуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






