ИСТЕҲСОЛИ НЕРӮИ БАРҚ АФЗУД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Нерӯгоҳи барқи обии «Сантӯда – 1» соли 2009 истеҳсоли қувваи барқро 51 фоиз зиёд кард. Соли гузашта дар ин ҷо 1,7 миллиард киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд. Аз дафтари матбуоти нерӯгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар давоми ду соли фаъолияти он қариб 2977,4 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол карда шудааст. Зикр карда шуд, ки айни ҳол аз 4 агрегати нерӯгоҳ 3 агрегат кор мекунад. Яке аз агрегатҳо мувофиқи нақша тармим карда мешавад. НБО «Сангтӯда – 1» айни ҳол дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна аз 5,6 то 6 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол мекунад. Директори генералии нерӯгоҳ Владимир Белов зикр кард, ки соли 2010 вазифаҳои асосии маъмурият ва мутахассисони он таъмини фаъолияти муттасил, самарабахш ва бехатари нерӯгоҳ, вусъат додани имкониятҳо барои содир кардани қувваи барқ дар давраи тобистон, таъмини вазъияти мӯътадили молиявӣ, иҷрои қарордод бо ҷониби Тоҷикистон ва ғайра мебошанд. Сари вақт ворид гардидани маблағ имкон медиҳад, ки таҷҳизоти нерӯгоҳ дар мӯҳлати муқарраршуда тармим карда, истеҳсоли қувваи барқ зиёд гардонда шавад, гуфт В.Белов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






