КӮДАКОН ЧӢ ГУНОҲ ДОШТАНД?
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Шаби 13 январи соли равон дар манзили истиқоматии соҳибкор Нуралӣ Мавлонови 48 сола дар деҳаи Навободи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, алангаи оташ молу амволи хонаро сӯхта нобуд кард. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврии тактикӣ — оташнишонӣ муайян карда шуд, ки дар натиҷаи сӯхтор соҳибхона Нуралӣ Мавлонов зарари ҷиддӣ дида, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат мерасад. Ҳамчунин дар натиҷаи ин сӯхтор ҳамсари ӯ Шоира Мавлонова, соли таваллуд 1977 ва фарзандони ноболиғи мактабхон Валиҷон ва Ғаниҷон Мавлоновҳо, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта зиёда аз нисфи баданашон сӯхтааст. Зарари аз сӯхтор ба амал омада маблағи ҳазорҳо сомониро дарбар мегирад. Сабаби сӯхтор қасдан оташ задан аз тарафи шахсони номаълум мебошад. Айни замон аз тарафи ХДО ва дигар мақомоти дахлдор доир ба ин ҳодисаи даҳшатовар тафтишот бурда мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






