МАШВАРАТИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Январь 18, 2010 11:00

                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.                    Дар машварат масоили барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ, омодагӣ ба маҷлиси ҷамъбастии солона, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, фурўши саҳмияҳои нерўгоҳи Роѓун, таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои иҷрои таклифу пешниҳодҳои соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, татбиқи нақшаҳои сершумор дар соҳаи энергетика, рафти ниҳолпарварию боѓдорӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва ба ду конфронси байналмилалӣ баррасӣ шуд.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳарчи зудтар шароити зисти муваққатӣ ба аҳолии аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ таъмин карда шавад ва онҳо аз кўмакҳои моддию маънавӣ бархўрдор бошанд. ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри дар ҷойҳои бехатар барои онҳо бунёд намудани манзилу деҳаҳои нав тадбирҳо андешида шаванд.                    Дастур дода шуд, ки тамоми таклифу пешниҳод ва дархостҳои соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо ва тавассути почтаю воситаҳои ахбори умум манзур гаштаанд, ҳангоми таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри омўзиш ва иҷро ба инобат гирифта шаванд.                    Супоришҳои мушаххас ҳамчунин баҳри кашидани хатҳои нави интиқоли нерўи барқ ва бо суръат ва сифати баланд татбиқ намудани нақшаҳо баҳри бунёди нерўгоҳҳои хурду бузурги обӣ дода шуд.Дастур дода шуд, ки баҳри вусъати корҳои ниҳолпарварӣ, бунёди боѓҳои наву барқарорсозии боѓоти кўҳна ва ҳамчунин саривақт оѓоз кардани киштукори баҳорӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат чораҳои зарурӣ андешида шаванд.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин ҳамчунин баҳри омодагӣ бо Конфронси байналмилалии об ва ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, вазифаҳои мушаххас гузошт.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Январь 18, 2010 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид