МУАССИСАИ РОҲИ ОҲАН АЗ БУҶЕТ ҚАРЗДОР НЕСТ

Январь 21, 2010 11:42

                    Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 20 январ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ба саволҳои мухбирон сардори корхона Амонулло Ҳукумов, роҳбарони раёсатҳо ва мутахассисони он ҷавоб доданд.                      Қайд карда шуд, ки Муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон айни ҳол 2070 вагони боркаш, 354 вагони мусофирбар ва 55 тепловоз дорад. Дар роҳҳои оҳани мамлакат 33 истгоҳ сохта шудааст. Дарозии умумии роҳҳои оҳани ҷумҳурӣ 954 километр мебошад.                     Соли 2009 ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан 14 миллиону 547 ҳазор тонна мол кашонда шуд, ки аз соли 2008 – ум 2000 тонна зиёд аст. Ҳаҷми боркашонии транзитӣ 9 миллиону 30 ҳазор тоннаро ташкил дод.                      Соли гузашта ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан ба хориҷи кишвар 810 тонна мол фиристода, аз хориҷа ба ҷумҳурӣ 4 миллиону 455 ҳазор тонна мол ворид карда шуд. Инчунин соли гузашта 201 ҳазору 753 тонна маҳсулоти кишоварзӣ кашонида шуд.                       Кормандони муассиса дар ин муддат ба 716,2 ҳазор мусофир хизмат расониданд. Ин нисбат ба соли 2008 бештар аз 116 ҳазор нафар кам мебошад. Сабаби асосии кам шудани мусофирон коҳиш ёфтани муҳоҷирати коргарон ба Федератсияи Русия, инчунин кушода будани туннели «Истиқлол» дар фасли зимистон аст, гуфт А.Ҳукумов.                    Дар ин муддат 309 вагони нави боркаш ва 35 вагони нави мусофирбар харида шуд. Дар корхонаи муассиса 17 ҳазору 715 сутуни зери релс тайёр карда шуд. Ин нисбат ба соли гузашта хеле зиёд аст.                    Бо супориши Ҳукумати мамлакат соли 2009 сохтмони роҳи оҳани «Душанбе — Қӯрғонтеппа» оғоз ёфт. То имрӯз дар сохтмони он 3 миллиону 607 ҳазор сомонӣ сарф карда шуд.                     А.Ҳукумов дар фарҷоми нишасти матбуотӣ зикр кард, ки Муассисаи роҳи оҳан то имрӯз аз буҷети давлат, додани маош ва музди кори коргарон ва аз муассисаҳои роҳи оҳани мамлакатҳои дигар қарздор нест. Муассиса соли гузашта ба маблағи 140 миллиону 942 ҳазор сомонӣ андоз супорид. Кормандони мо даъвати Президенти мамлакатро дастгирӣ намуда, ба маблағи 10 миллион сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро хариданд, гуфт дар хотима Амонулло Ҳукумов.

Январь 21, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд