МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО ПЕР МОРЕЛ

Январь 15, 2010 10:18

                   Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 14 январ бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Пер Морел мулоқот кард, ки барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон омадааст. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо тӯли солҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                      Мусоҳибон инчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва ҳамкории Тоҷикистонро бо мамлакатҳои ҳамсоя, вазъи иқтисодиёти мамлакат, проблемаҳои обу энергетика, ҷараёни омодагӣ ба интихоботи парлумон ва масъалаҳои дигарро муҳокима намуданд.                      П.Морел Ҳамрохон Зарифиро бо ҷараёни ислоҳоти сохтори Иттиҳоди Аврупо шинос намуда, дар бораи нақшаҳои он марбут ба барномаи стратегии Иттиҳоди Аврупо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ маълумоти муфассал дод.                      Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар бораи масъалаҳои ҳамкории байналхалқӣ сухан ронда, изҳори умедворӣ намуд, ки Тоҷикистон охири моҳи январ дар Лондон дар конфронси байналхалқии бахшида ба Афғонистон фаъолона ширкат хоҳад варзид.                     Ҳамрохон Зарифӣ гузаронидани конфронси мазкурро маъқул дониста, зикр кард, ки барои таъмини рушди иқтисодиёти Афғонистон ва таъмини амнияти минтақа амалӣ сохтани барномаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика ва алоқа аҳамияти калон дорад.                       Ҳ.Зарифӣ диққати ҳамсӯҳбаташро ба масъалаи таъмини амнияти Афғонистон ва муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ин мамлакат ҷалб намуд.

Январь 15, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард