МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРИ ИМА

Январь 21, 2010 12:19

                 Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Кеннет Гросс мулоқот кард. Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои гузаронидани машварати сиёсӣ бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ шуданд. Тибқи нақша машварати сиёсии намояндагони Тоҷикистону ИМА рӯзҳои 8 – 9 феврали соли 2010 дар Вашингтон баргузор мегардад.                  Ҳ.Зарифӣ изҳор намуд, ки ҳар ду мамлакат барои рушди муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои зиёд доранд ва мо бояд онҳоро бо кӯмаки ҳамдигар амалӣ созем. Дипломати амрикоӣ изҳор намуд, ки машварати сиёсии оянда барои баррасии масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар шароит муҳайё месозад.                   Мусоҳибон таъкид карданд, ки ҳамкории сиёсию иқтисодии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, иҷрои барномаҳои обу энергетика ва нақлиётӣ ва вазъияти Афғонистон самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистону Амрикоро ташкил медиҳанд.                   Ҳ.Зарифӣ қайд кард, ки амалӣ сохтани чунин барномаҳо, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард дар байни Тоҷикистону Афғонистон, нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон аҳамияти минтақавӣ дошта, пеш аз ҳама ба манфиати иқтисодиёти Афғонистон мебошанд.

Январь 21, 2010 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд